ЧИНГИЗ – ПАЛИДТАРИН ИНСОНИ ТОРИХ. ДУВВУМАШ ТЕМУРЛАНГИ ЛАЪНАТӢ. Ӯ як ҳадаф дошт: тамоми оламро тасарруф кунаду султони яккаи ҷаҳон бошад ва барояш аҳаммийяте надошт, ки дар ин роҳ чӣ шуморе аз инсонҳо, бегуноҳу навҷавон ё кӯдаку пир кушта хоҳанд шуд. Ваҳшигарии ӯ бениҳоят буд. Таърих шаруртару хунхортар аз вайро ёд надорад. Чингиз аз миёни қавми нимваҳшии ҷодарнишини муғул сар бардошт ва дар оғози қарни сездаҳум бо намоиши бадтарин бераҳмиҳо бузургтарин императори ҷаҳон гашт. Аз паҳнои Чин то ҳавзаи Ховари Миёна кушторҳои бешумореро анҷом дод; ба ривояти таърих чи сипоҳиву чи мулкӣ, чи марду чи зан ва ҳатто занҳои обистанро шикамчок мекард ва кӯдакони ширхораро садҳову садҳо ҳазор аз дами теғи лашкариёнаш мегузаронд. Чингиз бар ин бовар осиёби хунро гардон карда буд, ки ба пиндораш, бояд дунёро дигаргун созад. Аз ҷавонӣ, аз дидани ҷасадҳои бешумор ба шаъафу ваҷд меомад ва хӯйи ваҳшигарӣ дар навҷавонӣ дар рагҳояш ҷорӣ буд, ҳатто бародарашро, ки дар ин бераҳмиҳояш садди роҳ шуд, ба қатл расонид.Шумордаанд, ки дар ҷараёни ҷангҳояш ӯву лашкариёнаш аз 20 то 60 милён касро ба қатл расонидааст. Чингиз фарди фосиду дур аз ахлоқ буд ва тамоилоти ғайриахлоқияш серинопазир; дар тули масираш аз Чин то Эрон ҳазорон зан ба зиндагишон поён доданд, то аз шарри ӯ дар амон бимонанд. Чингиз барои фатҳи ҷаҳон мебоястӣ бузургтарин салтанати он даврон – ҳукумати Муҳаммади Хоразмшоҳро аз пеши роҳ мебардошт. Ӯ бори нахуст ба ҷои сипоҳӣ гурӯҳе аз бозаргононро бо ҳадяҳо ба самти Эрон фиристод. Аммо намояндагони Хоразмшоҳ ҳадяҳоро забт карданду фирстодаҳоро қатл; ин иштибоҳи бузурги ҳуккоми аҳмақи мо дар он давр буд, ки хашми Чингизро барангехт. Сипоҳиёни Чингиз вориди майдони ҷанг шуданд ва лашкари Хоразмшоҳӣ ҳам дар истеҳкомоти шаҳри Марв ба истиқболашон сангар гирифт. Марв он замон сартосар тоҷик буд. Онҳо дилпури он буданд, ки деворҳои шаҳру хандақҳои амиқшон аз чингизиён муҳофизатшон хоҳад кард. Чингиз ҳазорон нафар аз афроди Муҳаммадшоҳро ба асорат мегирад ва онҳоро ба даруни хандақҳо меандозад, то пуле инсонӣ бисозад ва аз болои онҳо убур кунад. Дар миёни тарсу ваҳшати мардум сипоҳиёни муғулон аз ҳазорон асири дигар ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунанд. Муғулон ҳудуди шаш рӯз ба даври Марву дижи он шаҳр чархиданд ва мардум аз тарс билохира дарвозаҳоро ба рӯяшон кушуданд. Дарвоқеъ шаҳр бидуни ҳич муқовамате таслими муғулон мешавад. Ин ҷо дармеёбем, ки Чингиз аз силоҳи тарс дар баробари мардуми шаҳр истифода мекард ва онҳоро аз по дармеовард. Ӯ устоди ваҳшатофаринӣ буд ва дақиқан медонист чӣ гуна дар дили душманонаш тарс бияфканад ва дар тамоми тули зиндагияш аз ин равиш истифода кард. Албатта силоҳи шаҳр тарс барои тасарруфи Марв кофӣ набуд. Муғулон кушту куштори азимеро дар ин шаҳр барпо карданд ва бо истифода аз манҷиниқҳояшон шаҳрро вайрон карданд. Чувайнӣ, таърихнигори он даврон, баён мекунад, ки муғулон тамомии мардуми шаҳрро ба биёбонҳо бурданд ва ба тарзи фаҷеъе ба қатл расониданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар ҷангҷӯ наздик ба сесад нафарро ба қатл расонид ва дар ин фоҷиъа наздик ба як милён инсони бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд. Чингизиён ҳамчунин шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Хоразму Хуҷанд, Балху Ҳароту Нишобурро ки зеботарин шаҳрҳои ҷаҳон дар ҷаҳони торики он замон буданд, ба таври куллӣ вайрон ва мурдумони ин шаҳрҳоро ки ҳама тоҷикон буданд, бераҳмона қатли омм карданд. Дар Бухоро тақрибан касе зинда намонд, дар ҷамъияти садҳоҳазорнафарии Ҳароту Тус камтар аз ҳазор нафар зинда монданду бас. Муғулон хиттаи Хуросон ва мавзеъҳои Осиёи Марказиро дарменаварданд ва аз куштаҳо пуштаҳо месозанд. Сарчашмаҳои адабию таърихии порсӣ овардаанд, ки онҳо ҳудуди сӣ милён нафарро дар сарзаминҳои мо ба қатл мерасонанд, зану духтарони бисёреро ба асорат медароранд. Тамоми қаламрави Хоразмшоҳиён ба дасти Чингиз меуфтад. Барои ҷавоне, ки чӯпонзодае беш набуд, ин як муваффақияти чашмгир маҳсуб мешуд, ки бахши аъзами ҷаҳонро ба тасарруф дароварда буд. Аммо бо вайрон кардани ҷаҳони ободон, бо равона кардани дарё хуни бегуноҳон аз баҳри фурӯкаш кардани оташи ҳирсу ҳавасҳои нафсонии хеш.

Теги других блогов: история Чингиз Темурланг