НОМҲОИ ЗЕБОИ ФОРСӢ БАРОИ ФАРЗАНДОН Вақте мо даст касеро мефишорем, ва нахустин чизе, ки ҷуёи он ҳастем номи ӯст. Ва нахустин ҳувияти ҳар фард, ки по ба арсаи вуҷуд мегузорад номи ӯст, пас ''ном'' шиносномаи зиндагиямон аст, чӣ иштибоҳ хоҳад буд, ки дар вақти гузоштани ном бар фарзандон дақиқ набошем! ФЕҲРИСТЕ АЗ НОМҲОИ АСИЛИ ОРИЁӢ + МАЪНО О Обондухт: - духтари Обон, номи зани Дорюши севум Обтин: - номи падари Фаридун - подшоҳи пешдодӣ Отусо: - қудрат ва тавонмандӣ - духтари Куруш ва зани Дорюши аввал Офар: - оташ - моҳи нуҳуми соли шамсӣ Офардухт: - духтари оташ - духтаре, ки дар моҳи Озар ба дунё омадааст. Озарнӯш: - ширин ва дилангез Озин: - зевар, тоқи насрат, тазйин, ороиш Ороҳ: - номи фариштаи муаккали рӯзи бисту якум аз моҳи панҷум дар оини Зардушт Орзу: - ком, мурод, маъшуқ, умед Ораш: - дурахшон, офтоб, ҷадди бузурги Ашкониён - паҳлавони камонгири эронӣ дар лашкари Манучеҳр Ортин: - оқил ва зирак, номи паҳлавони Эрон дар замони Манучеҳр - подшоҳи пешдоди Ортом: - волии Фарига дар замони Куруши Ҳахоманишӣ Ортмин: - номи бародари бузургтари Хашоёршоҳ - писари Дорюшшоҳ Оршом: - бисёр қавӣ – падарбузурги Дорюши бузурги Ҳахоманишӣ Ормон: - орзу - хоҳиш - умед Ормин: - ором гирифтан - писари Кайқубод - подшоҳи пешдодӣ Ормито: - оромиш ёфта, калимае зардуштӣ аст Ориёфарр: - дорандаи шукуҳи ориёӣ Ориё: - озода, наҷиб - яке аз подшоҳони Мод - муҳиммтарин нажоди Ҳинду Урупоӣ Ориёмеҳр: - дорандаи меҳри Эрон - аз сардорони Дорюши севум Орин: - сафедпӯст, ориёӣ Озода: - далер ва бебок, раҳо Озарм: - шарм, меҳр, муҳаббат, ишқ Озармдухт: - яке аз маликаҳои Соcонӣ Озито: - озода Оноҳито: - илоҳаи об Ованг: - шабнам - номи курдӣ Оҳу: - шоҳид, маъшуқ, яке аз ҳамсарони Фатҳъалишоҳи Қоҷор А Ахтар: - ситора, алам, дирафш Ард: - хайру баракат, фариштаи нигаҳбони сарват - ном чанд тан аз подшоҳони Ашконӣ Ардашер: - шери зебо - Ардашери Бобакон - бунёнгузори силсилаи Соcониён Ардавон: - номи подшоҳони маъруфи ашконӣ Аржан: - дарахте бо чӯби бисёр сахт ва муҳкам - номи кардӣ ва ҳамчунин номи писари Симини Беҳбаҳонӣ, ки маҷмуаи “Дашти Аржан”-ро ба ёди ӯ сурудааст. (Илова аз таҳиягар.) Аржанг: - ороиш - китоби Монии наққош - деве, ки Рустам дар Ҳафтхон ӯро кушт Арғавон: - номи дарахте бо гулу шукуфаҳои сурхранг Армуғон: - ҳадя, туҳфа Арнавоз: - навозишшудаи Аҳуро - духтари Ҷамшед - шоҳи пешдодӣ Арвона: - номи гули кӯҳӣ аст - номи курдӣ Эстер: - ситора - бародарзодаи Мардхой ва зани Хашоёршоҳ Исфандёр: - пок офаридашуда, лутфи Худой - писари Гуштосб, ки ба дасти Рустам кушта шуд Ашкон: - мансуб ба Ашк - бунёнгузори салтанати портҳо Ашкбӯс: - паҳлавон кӯшонӣ, ки ба кумаки Афросиёб омад, аммо ба дасти Рустам кушта шуд Афсона: - достон, саргузашт, ҳикояти гузаштагон Афсун: - сеҳр ва ҷоду, ҳила ва тазвир Афшин: - бо ҳиммат, лақаби подшоҳони Истаравшан. Умед: - интизор, орзу Анӯш ( Онӯшо ): - устувор ва ҷовид – духтари Меҳрдоди шашум Анушервон: - дорандаи лавҳи ҷовидон - лақаби Хусрави аввал - подшоҳи Соcонӣ Авранг: - ақл ва киёсат, тахти подшоҳӣ Авжан: - шикастдиҳанда, душманбарандоз Авесто: - номи китоби осмонии Зардушт Аҳуро: - соҳиб, фармонравои доно Э Эрон: - маҳалли зиндагии ориёиҳо Эрондухт: - духтари Эрон, ориёидухтар Эраҷ: - ёридиҳандаи ориёиҳо – писари Фаридун, подшоҳ ва паҳлавони эронӣ Эзадёр: - касе, ки Худованд ёри ӯст Б Бобак: - падари кӯчак, ҷадди Ардашер, писари Сосон Бопук: - кулок, номи курдӣ Борбад: - пардадор, мусиқидон ва навозандаи дарбори Хусрави Парвиз Бормон: - лоиқ - номи сардори Афросиёб Бомдод: - пагоҳ, сапедадам - номи падари Маздак Бомшод: - касе, ки дар саҳаргоҳон шод аст - навозандаи машҳури дарбори Соcониён Бону: - хонум, малика, лақаби Оноҳито - илоҳаи нигаҳбони об Бахтёр: - хушбахт, хуш иқбол - устоди Рӯдакӣ дар мусиқӣ Баронӯш: - муҳандиси Румӣ, ки пули Шӯштарро дар замони Шопури Соcонӣ сохт. Бердиё: - писари Куруш ва бародари Камбуҷия Барзу: - баландқомат - писари Суҳроб ва набераи Рустами Дастон Барзуя: - табиби машҳури Анушервон ва мутарҷими Калила ва Димна аз ҳиндӣ ба паҳлавӣ Барзин: - баланду тануманд – аз паҳлавонони Эрон - номи писари Гаршосб Бармак: - аз вазирони соcонӣ - номи аҷдод ва нигаҳбонони оташкадаи Балх Бузургмеҳр: - хуршеди бузург - номи вазири донишманди Анушервони Соcонӣ Бунафша: - гули рангоранг ва зинатӣ бо умри нисбатан тӯлонӣ Бужон: - рушд карда - номи курдӣ Буён:- хушбӯ - номи курдӣ Баҳор: - шукуфа ва гул - се моҳи аввали соли шамсӣ Баҳорак: - баҳори кӯчак Баҳора: - баҳорӣ Беҳтош: - хуб ва монанд Беҳдод: - нек офаридашуда Баҳром: - пирӯз, фариштаи пирӯзӣ дар оини Зардушт, лақаби бархе аз подшоҳони Соcонӣ Беҳдис: - хушранг, хушгил Беҳрух: - зебочеҳра, қашанг Беҳранг: - хушранг Беҳрӯз: - хушбахт, некбахт Беҳзод: - некнажод - минётуристи машҳури эронӣ - номи асби Сиёвуш Беҳшод: - хушҳол ва шод Баҳман: - некандеш - барфи анбӯҳ, ки аз кӯҳ фурӯ резад – писар ва ҷонишини Исфандёр дар подшоҳӣ Беҳноз: - хуш ноз, боноз, танноз Беҳном: - нек ном Беҳнуд: - саломат, офият Беҳнӯш: касе, ки нек менюшад Бето: - беҳамто, бемонанд Бежан: - тарона хон, ҷангҷӯ - писари Гев ва дилдодаи Манижа П Порсо: - покдоман, зоҳид Покон: - покҳо - номи курдӣ Поктан: - некӯчеҳр, покизатан Покдухт: - духтари пок Понтао: - ҳамсари Ортодос, ки модҳо ӯро ба Куруш ҳадя карданд, аммо, напазируфт Пидром: - ороста, некӯ, шод Партав: - рӯшан, тобиш Паршанг: - тобиш, оташпора Парасту: - парандаи муҳоҷир Парвиз: - пирӯз - лақаби Хусрав дувум, подшоҳи Соcонӣ Пардис: - биҳишт, боғ ва бустон Парҳом: - аз ашхоси бисёр сарватманд дар замони Баҳроми Гӯр Пажмон: - афсурда, ғамгин Пажё: - бим ва ҳарос Парниё: - порчаи ҳарир, абрешим, дебо Пашанг: - милаи оҳанӣ - номи падари Афросиёб Парвона: - ҳашарае зебо, ки худро ба шуъла мезанад (ва низ ҳайвонест, ки пеш-пеши шер ҳаракат кардаву бо садои махсус ҳайвонотро аз расидани шер бохабар месозад. Таҳиягар) Парвин: - сурайё, ситорагони кӯчаки наздик ба ҳам Парӣ: фаришта, ҷин, ҳамзод Паричеҳр: - зеборӯй - номи зани Ҷамшед – шоҳи устураӣ Паридухт: - духтари парӣ, ҳамсари Соми Наримон ва модари Зол Парисо: - ҳамчун парӣ Париноз: парии ноздор, бо нози парӣ Париваш: - парирӯй, фариштарӯй Париё: - кабутари болшикастае, ки ба думбол ошёна мегардад. Пӯпак: - ҳудҳуд, шонасарак, мурғи Сулаймон, доркӯб Пурон: - ҷонишин, ёдгор Пурондухт: - номи духтари Хусрави Парвез Пурё: - паҳлавон Муҳаммади Хоразмӣ, мулаққаб ба Пурёи валӣ Пӯлод: - оҳани сахт ва кӯбида, номи паҳлавони эронии замони Кайқубод Пӯё: - раванда ва даванда - номи курдӣ Пӯна: - гиёҳи хушатру бӯ, ки дар канори ҷӯйҳо мерӯяд. Паём: - илҳом, ваҳй, пайғом Пирӯз: - комёб, фотеҳ, номи чанд нафар аз подшоҳони Соcонӣ Паймон: - аҳд, қавлу қарор - унвони асомии мардон дар форсӣ Т Тобон: - тобанда, мунаввар Тобондухт: - духтари тобнок Тоҷӣ: - тоҷдор, ном ва унвоне дар форсӣ Торо: - ситора Товёр: - оташбон - номи курдӣ Тарона: - зебо ва соҳиб ҷамол, суруд, нағма Танноз: - нозанин, бо нозу карашма - номи курдӣ Турон: - номи духтари Хусрави Парвез - сарзамини Тури писари Фаридун, ки бар ғалат онро ба сарзамини туркон нисбат медиҳанд. Турондухт: - духтаре аз Турон, духтари Тур Тураҷ: - диловар, яке аз се писари шоҳ Фаридун Туртак: - хурӯси саҳроӣ, қарқовул Тӯфон: - боди сахт Тужол: - барфи андак - номи курдӣ Тирдод: - додаи Тир, Ашк- дувум подшоҳи Ашконӣ Тину: - ташна, номи курдӣ Ҷ Ҷобон: - яке аз сардорони эронии даврони Яздгирд Ҷомин: - исми яке аз қаҳрамонони Эронзамин, номи курдӣ Ҷовид: - пойдор, ҳамешагӣ Ҷарира: - номи духтари Пирони Виса, ки ҳамсари Сиёвуш шуд. Ҷамшед: - писари Таҳмурас - чаҳорумин подшоҳи пешдодӣ Ҷавон: - барно, далер, шодоб Ҷӯё: - ҷӯянда - паҳлавони Мозандаронӣ буд, ки ба дасти Рустам кушта шуд. Ҷаҳон: - дунё, олам, гетӣ, кайҳон Ҷаҳонбахт: - хушбахт ва иқболи ҷаҳон Ҷаҳонбахш:- бахшандаи ҷаҳон Ҷаҳондор: - нигаҳбони ҷаҳон Ҷаҳонгир: - фотеҳи ҷаҳон - номи писари Рустам Ҷаҳонбону: - бонуи ҷаҳон, маликаи ҷаҳон Ҷаҳондухт: - духтари гетӣ Ҷаҳонноз: - мояи фахри олам Ч Чобук: - заранг, чолок Чолок: - сареъ ва забардаст Човуш: - пешрав ва пешқаровули корвон Чатро: - дувоздаҳумин подшоҳи силсилаи Мод Чӯбин: - куния ва лақаби Баҳроми Чӯбина - сардори Анӯшервон Чеҳрзод: - ном духтари Баҳман аст, ки сӣ сол подшоҳӣ кард Х Ховардухт: - духтари Машриқзамин Худодод: - Худодода Худоёр: - дӯсти Худо - фармонравои Бухоро будааст Хуррам: - шоду хандон - паҳлавони Хуррам аз аҳди шоҳ Шуҷоъ аст Хуррамдухт:- духтари шод ва хандон Хусрав: - машҳур, некном, шоҳ - лақаби чанд тан аз подшоҳони Соcонӣ Хашоёр: - қаҳрамон, нируманд - номи писари Дорюши кабири Ҳахоманишӣ Хуршед: - дурахшанда офтоб Д Додмеҳр: - зодаи оташ, номи устондори порсии Табаристон Доро: - молдор, сарватманд, аз номҳои Худованд Дороб: - номи писари Баҳман - подшоҳи Каёнӣ Дорё: - доранда, аз номҳое, ки дар Авесто омадааст Дорюш: - нигаҳбони некӣ - фарзанди Виштосб аз шоҳони бузурги Ҳахоманишӣ Донваш: - аз исмҳое, ки дар китоби Вомиқ ва Узро омадааст Довар: - ҳокими одил, қозӣ Доён: - момо, номи курдӣ Дарё: - баҳр, ном фарзанди Алоуддин Имодшоҳ Дилоро: - маҳбуб ва маъшуқ Диловез: - дилчасб, дилкаш, овезаи дил Дилором: - мояи оромиши дил / маъшуқаи Баҳроми Гӯр Дилангез: - гуворо, матлуб Дилбар: - барандаи дил, ёр ва маъшуқ Дилбанд: - азиз ва гиромӣ Дилрабо: - рабояндаи дил, маҳбуб Дилшод: - шодмон ва хушҳол Дилкаш: - ҷазбкунандаи дил, дилрабо, дилпазир Дилноз: - он, ки қалб ва дилаш ноз аст Дилнавоз: - меҳрубон, мушфиқ Дӯршосб: - номи ҷадди панҷуми Гаршосб, дӯр аз асби подшоҳ Дунё: - олам ва гетӣ Диёку: - аввалин подшоҳи Модҳо дар қарни ҳафтуми пеш аз мелод Диёнваш: - дузди дарёӣ дар достони Вомиқ ва Узро Дебо: - порчаи абрешими рангӣ, рӯйи зебо Дебодухт:- духтари зебо, духтаре ҳамчун парниён Р Робу: - номи гули баҳорӣ - номи курдӣ аст Робин: - мушовир, муътамад - номи курдӣ аст Родбону: - бонуи бахшанда ва ҷавонмард Родмон ( Родмин ): - номи сипаҳсолори Хусрави Парвизи Соcонӣ Розбон: - роздор - унвони мардони бузург дар порсӣ Рожона: - розиёна - номи курдӣ барои духтарон Росо: - ҳамвору соф - номи курдӣ Ромтин: - оромиши тан - мусиқидони аҳди Соcониён Ромиш: - фароғат, осӯдагӣ, роҳатӣ, номи ҳирбади зардуштӣ Ромишгар: - хонанда ва навозанда, хунёгар Ромуно: - нигаҳбони оқил Ромёр: - чӯпон ва гӯсфандчарон Ромило: - худойи бузург, номи ошурӣ аст Ромин: - маъшуқи Вис, номи яке аз сардорони Эрон Ровёр: - шикорчӣ - номи курдӣ Рижино: - монанди рӯз - номи курдӣ Рухпок: - дорои чеҳраи пок Рухсор: - чеҳра, симо Рухшона: - мансуб ба рухш Рухшанда: - тобон, киноя аз хуршед аст Размёр:- разманда, мубориз Рустам: - паҳлавони сафедтан, тануманд ва қавиандом, ҷаҳонпаҳлавон эронӣ ва қаҳрамони бузурги Шоҳнома Рудоба: - номи модари Рустам дар Шоҳнома, фарзанди тобон, зани писарзо, номи қалъае дар ғарби Эрон Рӯзбеҳ: - хушбахт: беҳрӯз, аз мӯбадони Баҳроми Гӯри Соcонӣ Равшанак (Рӯшанак): - машъалдор, ҳамчунин ном доруе гиёҳӣ аст Рӯнок: - рӯшан Раҳом: - номи писари Гударз Раҳӣ: - роҳишуда, равон, мусофир Рибор:- раҳгузар, номи курдӣ Роспино: пойиз, луғати Занд ва Позанд Аз порсӣ баргардон: Исфандиёри Назар (Идома дорад)